аҷобат — [عجابت] 1. аҷибӣ, ҳайратоварӣ, шигифтӣ; ҷои тааҷҷуб 2. ғайриодӣ будан, ғайримуқаррарӣ будани ягон кор ё воқеа; аҷобат доштан а) тааҷҷубовар будан; б) ғайриодӣ намудан, ғайримуқаррарӣ будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
махсус — [مخصوص] а 1. хос, (ба касе ё чизе); ихтисосдода, мансуб ба як кас ё як чиз: вагони махсус, дафтари махсус, курси махсуси такмили ихтисос, либоси махсус, хонаи махсус 2. ғайриодӣ, фарқкунанда: аломати махсус, гӯштини махсус, даъвати махсус, оҳанги … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хориқулода — [خارق العادة] а. кори ғайриодӣ, хилофи одат, ҳодисаи ғайриодӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҷибулахлоқ — [عجيب الاخلاق] а. дорои хулқ ва атвору рафтори ғайриодӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҷоиблибос — [عجائب لباس] либосаш аҷоиб, ғайриодӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҷоибот — [عجائبات] а. ҷ. аҷоиб; чизҳои аҷибу ғариб ва ғайриодӣ, чизҳои ҳайратовар; аҷоиботу ғароибот аҷибу ғарибҳо, чизҳои ҳайратовар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҷоибулмахлуқот — [اجائب المخلوقات] а. махлуқҳои ғайриодӣ, махлуқоти аъҷуба; «Аҷоибул махлуқот ва ғароиб ул мавҷудот» номи чанде аз асарҳои ба аҷоиботу ғароиботи олам бахшидаи олимону сайёҳони форсу тоҷик (асрҳои 12 13) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯшношунида — [گوش ناشنيده] ба гӯш нарасида, шуниданашуда; ғайриодӣ, ғайри– муқаррарӣ: кори гӯшношунида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғайр — [غير] а. бегона, аҷнабӣ, ноошно; номаҳрам; ағёр, рақиб; мулки ғайр мулки бегона; кишвари дигар; ғайри… а) пешванди инкорӣ ба ҷуз, ғайр аз, сивои…; б) ҷузъи пешини баъзе калимаҳои мураккаб, ки ба калима маънои мухолиф ва муқобилро медиҳад:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғайримаъмул — [غيرمعمول] маъмулнагардида, номаъмул, расму одатнашуда; ғайриодӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ